1.0 Ҳадаф.
ТАҚҲ ФИНКА (минбаъд “ФИНКА Тоҷикистон”) сиёсати файлҳои кукиро дар чаҳорчӯби сиёсати умумии махфияти худ татбиқ кардааст. Ба назари ФИНКА Тоҷикистон шаффоф будан бо мизоҷон ва корбарони сомонаи интернетӣ, ки дар ҷустуҷӯи дарёфти маълумот аз маҳсулот ва хизматрасонии ФИНКА Тоҷикистон ва низ ноил шудан ба ҳадафҳои ФИНКА Тоҷикистон ҳамзамон бо нигоҳ доштани ҳуқуқи инфиродии худ барои махфият манфиатдор мебошанд, амалияи хуби тиҷорӣ ба ҳисоб меравад.

2.0. Истифодабарии файлҳои куки. ФИНКА Тоҷикистон ё яке аз бахшҳои он (IТИ, Амалиёт, Маркетинг …) метавонад файлҳои куки (таблиғот, таҳлил, хусусигардонӣ, амният, идоракунии сомонаҳо ва / ё куки-ҳои тарафи сеюм) ва дигар технологияҳои пайгириро дар ҳар гуна сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла сомонаҳои интернетии мобилӣ ва замимаҳои он, каналҳои дигар ё васоити ахбори омма, ки ба сомонаи ФИНКА Тоҷикистон пайваст мебошанд, истифода барад. Файлҳои куки барои хусусигардонӣ ва беҳтарсозии кори корбар истифода мешаванд.

3.0 Файлҳои куки чӣ аст ва онҳо барои чӣ истифода мешаванд? Файлҳои куки – ин пайдарпаии маълумотест, ки дар компютер аз ҷониби ширкати ФИНКА Тоҷикистон ё таъминкунандагони тарафи сеюми он захира карда мешавад, ки ҳангоми дархост ё боздид / боздиди такрорӣ аз сомона ба як мушаххаскунандаи беназир табдил мешаванд. Файлҳои куки барои сабти боздидҳо, афзалиятҳо, саҳифаҳои боздидшуда ва вуруди шумо ба система истифода мешаванд, ки ҳамаи онҳоро ФИНКА Тоҷикистон барои беҳтар кардани кори корбарон истифода мебарад.

4.0. Намудҳои куки, ки ФИНКА Тоҷикистон метавонад аз он истифода барад.

4.1 Файлҳои таблиғотии куки. Файлҳои таблиғотии куки аз ҷониби таблиғгарони тарафи сеюм ва серверҳои таблиғотии аз ҷониби ФИНКА Тоҷикистон тасдиқшуда дар компютер ҷойгир карда мешаванд. Файлҳои куки таблиғотро нишон медиҳанд, ки метавонанд барои Мизоҷ / корбар мавриди таваҷҷӯҳ қарор дошта бошад. Файлҳои куки инчунин ба шахсони сеюм имкон медиҳанд, ки дар бораи корбарони сомона ва дигар сомонаҳои интернетӣ маълумот ҷамъоварӣ намоянд, таблиғоти алтернативии ба компютери мушаххас фиристодашударо гиранд ва басомади тамошои рекламаро пайгирӣ кунанд. Файлҳои куки метавонанд ҳар гуна маълумоти шахсиро дар бораи корбар ҷамъоварӣ кунанд.

4.2 Файлҳои таҳлилии куки. Файлҳои таҳлилии куки тарзи вуруди корбарон ба сомона ва ҳамчунин тарзи муносибат ва мурури онҳо бо сомонаро пайгирӣ мекунанд. Файлҳои таҳлилии куки фаъолияти сомонаро пайгирӣ мекунанд ва амалкарди онро сабт мекунанд.

4.3 Файлҳои куки ФИНКА Тоҷикистон. Инҳо “файлҳои куки тарафи сеюм ”, ҳастанд ва метавонанд доимӣ ё муваққатӣ бошанд. Онҳо барои коркарди дурусти сомонаҳо ё пешниҳоди баъзе аз хусусият ва амалкардҳо зарурӣ мебошанд. Ғайрифаъол кардани ин намуд файлҳои куки мумкин аст ба амалкарди сомонаҳо таъсир гузорад.

4.4 Файлҳои куки шахсисозӣ. Файлҳои куки шахсисозӣ барои шинохтани корбарони такрорӣ дар сомона истифода мешаванд. ФИНКА Тоҷикистон ин навъи файлҳои куки-ро барои сабти таърихчаи мурур, саҳифаҳои боздидшуда истифода мебарад ва танзимоту афзалиятҳои шуморо ҳар вақте, ки корбар ба сомона ворид мешавад, захира мекунад.

4.5 Файлҳои куки амниятӣ. Ин файлҳои куки хатарҳои амниятиро шиносоӣ ва аз он ҷилавгирӣ мекунанд. Онҳо ҳамчунин корбаронро аз тарафи ғайримуҷоз муҳофизат мекунанд.

4.6 Файлҳои куки барои идоракунии сомона. Файлҳои куки барои идоракунии сомона барои ҳифзи шахсияти корбар ё нишаст дар сомона истифода мешаванд, то шумо тасодуфан аз система хориҷ нашавед. Маълумот дар саҳифа. Дар айни замон, ин Файлҳои куки дар якҷоягӣ бо файлҳои дигари куки дар мурургари (браузери) корбари дигар наметавонанд ғайрифаъол карда шаванд.

4.7 Файлҳои куки тарафи сеюм. Файлҳои куки тарафи сеюм метавонанд дар мурургари корбар ҷойгир карда шаванд, вақте ки корбар ба сомона аз ҷониби ширкатҳое, ки хизматрасонии муайянрро пешниҳод мекунанд ё аз тарафи Финка Тоҷикистон тасдиқ шудааанд, ворид шавад. Ин файлҳои куки ба шахсони сеюм имкон медиҳанд, ки маълумоти муайянро дар мавриди корбар ҷамъоварӣ ва пайгирӣ кунанд. Ин файлҳои куки-ро дар мурургари корбар ба таври дастӣ ғайрифаъол кардан мумкин аст.

4.8 Баннери куки. Ҳамчун як созмони дорои паёмадҳои молиявӣ, ки ин Сиёсати куки-ро қабул мекунад ва ҳангоми вуруди шахс ба сомонаи ФИНКА Тоҷикистон бояд банери файлҳои куки-ро инъикос намояд.

4.9 Дигар фановариҳои пайгирӣ. ФИНКА Тоҷикистон метавонад аз дигар фановариҳои пайгирии сомона барои танзими он ва беҳтар намудани кори корбар истифода барад. Ҷанбаҳои хос аз воситаҳои пайгирӣ бояд барои корбар шарҳ дода шаванд, аз қабили тавсифи абзор, истифодаи он, ҳадаф ва навъи маълумоте, ки ин абзор ҷамъоварӣ мекунад, ин ки оё ин абзорро мешавад рад кард ва чӣ гуна мешавад истифода аз абзорро маҳдуд кард.

5.0 Сиёсати ҳифзи асрор
Лутфан дар бораи сиёсати махфияти мо дар инҷо бихонед.

6.0 Шахси тамос
Агар шумо дар мавриди Сиёсати истифодабарии файлҳои куки саволҳо ва эродҳо дошта бошед, лутфан аз тариқи суроғаи электронии; hotline@finca.tj бо мо тамос гиред.