ШАРИКОНИ FINCA

АТМХТ – Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо мақсади намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни он, аксарияти ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои манфиатдор дар рушди маблағгузории хурдро дар Тоҷикистон муттаҳид менамояд. АТМХТ доираи васеи хизматрасониҳо ва дастгирии аъзоёни худро анҷом медиҳад, аз ҷумла, тавассути пешбарӣ ва мусоидат намудан ба манфиатҳои бахши маблағгузории хурд, ташкили тренингҳо ва семинарҳои мавзӯӣ, гузаронидани таҳқиқоти мухталифи дахлдор, омӯзиши лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкили вохӯриҳо / мубоҳисаҳо ва мизҳои мудаввар бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ.
ФИНКА узви АТМХТ ва ҳамкори он мебошад ва дар фаъолияти Ассосиатсия фаъолона иштирок мекунад.

АБТ – Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бо мақсади намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни он, низоми ташкилотҳои Тоҷикистонро муттаҳид менамояд. АБТ пешбарии манфиатҳои аъзоёни худро, ҳамчун як намояндаи ҷомеаи бонкӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар созмонҳо бомуваффақият анҷом медиҳад. АБТ доираи васеи хизматрасониҳо ва дастгирии аъзоёни худро анҷом медиҳад, аз  ҷумла,  тавассути пешбарӣ ва мусоидат намудан ба манфиатҳои бахши бонкдорӣ,  ташкили тренингҳо ва семинарҳои мавзӯӣ, таҳқиқи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкили вохӯриҳо / мубоҳисаҳо ва мизҳои мудаввар бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ.

ФИНКА узви АБТ ва ҳамкори он мебошад ва дар фаъолияти АБТ фаъолона иштирок мекунад.

Бюрои  қарзию  иттилоотии  Тоҷикистон  (БҚИТ)  –  як ширкати тахассусие мебошад, ки вазифаҳои платформаро барои ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди маълумоти таърихӣ оид ба ӯҳдадориҳои қарзӣ амалӣ менамояд. БҚИТ ташкилотҳои молиявиро бо маълумоти зарурӣ дар бораи таърихи қарзии мизоҷон таъмин менамояд, ки ин раванди қабули қарорро дар бораи қарздиҳӣ ва маблағгузорӣ сабук гардонида, ба арзёбии нисбатан босифат ва идоракунии самараноки хавфҳо мусоидат мекунад. ФИНКА яке аз саҳмдорони БҚИТ мебошад ва дар фаъолияти стратегии он фаъолона ширкат меварзад.

Палатаи савдои  Амрико дар Тоҷикистон (AmCham Таджикистан) — бизнес-иттиҳодияи пешбари миллӣ мебошад,  ки дастрас гардонидани имкониятҳои шабакавӣ, рушди бизнес ва ҳифзи манфиатҳои аъзоёнашро таъмин менамояд. Тайи чанд соли охир AmCham ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва махзани узвияти он пайваста меафзояд. Узвият дар AmCham барои ҳама гуна бизнес-ташкилотҳо, новобаста аз он, ки дар дохили Тоҷикистон ва ё берун аз он фаъолият доранд ва  омодаанд барои расидан ба муҳити озоду мусоиди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар саҳм гузоранд, кушоду равшан ба роҳ мода шудааст.  ФИНКА узви  AmCham ва ҳамкори он буда, дар фаъолияти он фаъолона иштирок менамояд.

Express Pay – низоми  универсалии пардохтӣ мебошад, ки барои аз аҳолӣ қабул  намудани маблағҳои пардохти хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла  операторони алоқаи мобилӣ, операторони алоқаи телефонии рӯизаминӣ, провайдерони интернет, хизматрасониҳои коммуналӣ, хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзӣ ва ғайра имкон медиҳад. Дар айни замон, шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии ширкат тамоми шаҳрҳои бузург, инчунин минтақаҳои сераҳолӣ ва ноҳияҳои дурдастро фаро мегирад.  Дар айни ҳол, иқтидори ширкат зиёда аз 1200 воҳиди терминалҳои худхизматрасонӣ ва 2500 агентро дар бар мегирад, ки ба аҳолӣ бо ёрии POS – терминалоҳо ва таъминоти барномавии мобилӣ хизмат мерасонанд.

САРМОЯГУЗОРОНИ КУЛЛ

FINCA International Ташкилоти Холдингии Маблағгузории Хурдро (FINCA Microfinance Holding Company LLC (FMH) таъиси дод, ки ҳадаф аз он вусъат бахшидани пешниҳодҳо ба мизоҷони фаъол ва таъмини дастрасии миллионҳо одамон ба сармоя, тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ баҳри тағйир додани зинадагӣ буд.

Сармоягузорон дар асоси стадартҳои қатъӣ интихоб карда мешуданд. Мо танҳо бо шахсоне кор мекунем, ки тарафдор ва пайрави рисолати мо буда, усулҳои ноил шуданро ба натиҷаҳои амалии инкишофи манфиатҳои иҷтимоӣ бо истифода аз муносибатҳои молиявӣ ҷонибдорӣ мекунад, инчунин бо шахсоне, ки бо ФИНКА дар муносибатҳои деринаи қарзӣ қарор дорад.

Сармоягузорони FMH-ро FINCA International идора мекунад, ки дар Вашингтон, округи Колумбия қарор гирифтааст, ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва саҳмдор мажоритарӣ. Ба саҳмдорон миноритарӣ инҳо дохил мешаванд: IFC, KfW, FMO, responseAbility, Сегона Jump ва Triodos.

IFC, узви Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank Group) – институти калонтарини глобалӣ дар самти дастгирии рушд, ки фаъолияти он ба инкишоф додани бахши хусусӣ равона шудааст. Дар раванди кор бо соҳибкорони хусусӣ дар беш аз 100 кишвар, онҳо сармоя, коршиносон ва нуфузи худро ба самти раҳоӣ ёфтани мардумон аз қашшоқӣ ва пешравии имкониятҳои баробар равона месозанд.

Аз соли 1956 инҷониб IFC ба андозаи 2,6 миллиард доллари ИМА барои маблағгузории корхонаҳои кишварҳои рӯ ба инкишоф беш аз 285 миллиард доллари ИМА ҷалб намудааст.

KfW Bankengruppe – Ташкилоте, ки соли 1948-ум ҳамчун муассисаи ҳуқуқи оммавӣ таъсис дода шуда, айни замон 80 фоизи онро Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва 20 фоизашро заминҳои федеролии Олмон («Länder») соҳибӣ мекунанд. «KfW» дорои тавозуни беш аз 440 миллиард евро буда, яке аз бонкҳои пешрафта ва дорои таҷрибаи калон ба ҳисоб меравад. Ҳамчун бонки бе шабакаи филиалҳо ва бидуни амонатҳои мизоҷон, «KfW» бизнеси худро оид ба пешниҳоди қарз комилан дар бозори байналмилалии сармоя бозтамвил менамояд.

KfWEntwicklungsbank – як ҷузъи «KfWBankengruppe» буда, машваратчии босалоҳият ва стратегӣ оид ба масъалаҳои ҷории рушду инкишоф ба ҳисоб меравад. Коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини сулҳ, ҳифзи захираҳои табиат ва кӯмак намудан дар ташаккулёбии раванди глобализатсия – афзалиятҳои асосии «KfWEntwicklungsbank» мебошанд. Бонк аз номи Ҳукумати федеролии Олмон дар зиёда аз 110 кишварҳои ҷаҳон ислоҳот, таҷдиди инфрасохтор ва инкишофёбии системаҳои молиявиро маблағгузорӣ менамояд, ки ҳадаф аз он таъмин намудани рушди иқтисодии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва экологӣ мутобиқ мебошад. Бонк шарики молиявии сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчунин сармояҳои худашро барои ривоҷ додани лоиҳаҳо истифода мебарад.

FMO – The Netherlands Development Finance Company (FMO) — Ширкати Ҳолландии молиявии рушд (FMO) – Бонки Рушди Ҳолланд. FMO бо роҳи сармоягузорӣ намудани соҳибкорони иштиёқманд, ба вусъатёбии устувори бахши хусусӣ дар бозорҳои тараққиёбанда ва нав мусоидат мекунад. FMO чунин меҳисобад, ки бахши пурзӯри хусусӣ боиси рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, вусъат ёфтани ҳуқуқу имкониятҳои инсонҳо ҷиҳати истифодаи донишу малака ва беҳбудӣ бахшидани шароитҳои зиндагии худ мегардад. FMO дар се бахш тахассус гардонида шудааст, ки бинобар рушду такомул таъсири назаррас доранд: муассисаҳои молиявӣ, соҳаи энергетика ва саноати аграрӣ, саноати хӯрокворӣ ва об. Дорои сандуқи инвеститсионии 5,9 миллиард евро буда, FMO яке аз бузургтарин бонкҳои аврупоӣ маҳсуб меёбад, ки рушди бахши хусусиро дастгирӣ менамояд.

TripleJump – Рисолати «Triple Jump» чунин аст, ки ба воситаи мусоидат намудани сармоягузориҳо ба корхонаҳои кӯчаку хурд, дар рушди босуботи иқтисодҳои ташаккулёбандаи бозорӣ саҳмгузорӣ намояд. Кӯшишҳои «Triple Jump» барои вусъат додани фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди қобилиятнок дар се зинаи инкишофёбии онҳо (навташкилӣ, инкишофёбӣ ва баркамолӣ) равона шудаанд, ки тавассути пешниҳод намудани сармоя ва хизматрасониҳои машваратӣ тадбиқ карда мешаванд. Ҳадафи он аз кор дар самти пурсамар гардонидани таъсироти иҷтимоӣ дар бозорҳои инкишофёбанда иборат мебошад, ки он тавассути тақвият бахшидани рӯҳи соҳибкорӣ амалӣ гардонида мешавад. «Triple Jump» таваҷҷўҳи асосиро ба он ташкилотҳои маблағгузории хурд медиҳад, ки самтҳои зерини фаъолиятро тарафдорӣ мекунанд: коҳиши камбизоатӣ дар ҷамъият; кор бо теъдоди аҳолии сатҳи даромадаш паст ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, алалхусус занон; шахсони қадркунандаи ҷомеа ва муҳити зист, иштиёқмандони ноилшавӣ ба самаранокии ҳадди ниҳоӣ, устувории молиявӣ ва фарогирӣ.

Triodos Investment Management, ки молики соҳибҳуқуқи он яке аз бонкҳои пешсаф ва устувори ҷаҳонӣ Triodos Bank мебошад. Triodos Investment Management дар соҳаи сармоягузорӣ, идоракунии сармояҳои мустақим, аз инфрасохтори устувори энергетикӣ то ташкилотҳои маблағгузории хурд пешсафи умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст. Афзоиши ҳаҷми дороиҳои он таҳти идоракунӣ аз соли 1994 ба зиёда аз 4,2 миллиард евро расидааст, ки онро ҳамчун яке аз сармоягузорони пешсафи соҳа муаррифӣ мекунад. Тавассути фондҳои махсус он маблағгузорӣ таъмин менамояд – ҳам дар шакли қарзҳо ва ҳам дар шакли сармоя – ба 103 ташкилотҳои нав ва ташкилотҳои молиявие, ки дар 43 кишвар худро хеле хуб муаррифӣ кардаанд. Он дорандаи саҳмияҳои 21 ташкилоти молиявӣ мебошад. Кормандони идоракунандаи бонки Triodos ба ҳайати Шӯрои директорон шомил буда, дар идоракунии ташкилотҳои номбурда фаъолона иштирок мекунанд.