ТАҚХ ФИНКА ИДОРАҲОИ НАВ МЕКУШОЯД.

20 ва 21 январи соли 2020 ифтитоҳи се Маркази нави Хизматрасонии Бонкии  ТАҚХ «ФИНКА»  баргузор гардид, ки ин рӯйдоди муҳим дар самти вусъатёбии  шабакаи филиалҳои Ташкилот мебошад. Таҳти роҳбарии директори генералии ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА», дар қатори чорабиниҳо аввалин шуда ифтитоҳи Дафтари нави ФИНКА дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид, сипас дар Ҳамадонӣ Дафтари нав  бо муваффақият кушода шуда,  чорабинӣ бо ифтитоҳи Дафтари нав дар ноҳияи Хуросон (деҳаи Уялӣ) ба поён расид.  Дафтарҳои нави равшану бароҳати Ташкилот дар кўчаҳои марказии ин ноҳияҳо ҷойгир гардида, барои фароҳам овардани шароити хубу қулай ҳангоми истифодаи хизматрасонии Ташкилот мусоидат менамоянд. Ба ин чорабинӣ намояндагони Ҳукумат, шарикон ва муштариёни  Ташкилот даъват карда шуданд.

«Густариши шабакаи филиалҳо ба мо имкон медиҳад, ки имкониятҳои пешниҳоди хизматрасонии молиявиро дар ин минтақаҳо зиёд кунем, бо зоҳир намудани чунин арзишҳои муҳим ба мисли: дилгармӣ, боварӣ ва масъулияти бонкӣ ҳангоми ҳамкорӣ бо муштариён.  Қайд кардан зарур аст, ки ифтитоҳи Дафтарҳои нав боиси ташкили ҷойҳои кории иловагӣ мегардад, ки барои минтақаҳои дурдасти кишвар хеле муҳим аст. Ин ҳамзамон як далел ва рўйдоди созгору мусоиди рушди Ташкилоти мо маҳсуб меёбад. Мо минбаъд низ, ҳама корҳоро анҷом медиҳем, то ки ҳамкории муштариён бо мо осон ва қулай сурат гирад  ва нақша дорем, ки дар ин самт пайваста рушд намоем» — қайд кард  Директори генералии  ҶДММ ТАҚХ ФИНКА Ким С.Н.

Пас аз анҷоми қисмати расмии чорабинӣ ҳамаи иштирокчиён ба экскурсияи Дафтарҳои нав  даъват карда шуданд. Чорабинӣ бо торти идона ва сўҳбат анҷом ёфт ва дар рафти он ба меҳмонон ва кормандони Ташкилот  муяссар гардид, ки мубодилаи афкор намуда, таасуроти худро баён намоянд.