ДАЪВАТ БА ИШТИРОК ДАР МУЗОЯДАИ № 1/2020

ҶДММ ТАҚХ ФИНКА ба соҳибкорони хурд дар 22 минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои хурд ва хизматрасониҳои молиявӣ мерасонад. ҶДММ ТАҚХ ФИНКА як ҷузъи шабакаи байналмилалии FINCA мебошад, ки фаъолияти худро дар 20 кишвари ҷаҳон амалӣ менамояд.

ҶДММ ТАҚХ ФИНКА аз молрасонҳо даъват менамояд, ки дар озмун оид ба таъмини маҳсулоти барномавӣ барои фаъолияти маркази ахбору маълумотдиҳӣ  (маркази тамос) барои эҳтиёҷоти ТАҚХ ФИНКА  иштирок намоянд.

Таъминкунандагони ҳавасманд супориши техникии муфассалро тавассути почтаи электронӣ  procurement@finca.tj  ва ё бо нишонии: ш. Душанбе, кўчаи Ҷ.Расулов 9,  гирифта метавонанд.

Ширкатҳо метавонанд пешниҳодҳои тиҷоратиро барои иштирок дар тендер то санаи 25.01.2020 на дертар аз соати 14:00 пешниҳод намоянд. Пешниҳодҳои дархостӣ бояд бо лифофаи мӯҳрдор ба нишониҳои зерин пешниҳод карда шаванд: ш. Душанбе, кўчаи Ҷ.Расулов 9, ё ин ки тариқи почтаи  электронӣ: procurement@finca.tj