РУШДИ СОҲИБКОРӢ
Умурзоқов Шавкат дар Тоҷикистон аз овони таваллудаш зиндагӣ мекунад ва ба ҳунармандӣ – сандуқсозӣ машғул аст, ки дар хонаводаи онҳо аз насл ба насл мегузарад. Бобокалон ва бобои ў барои масчид сутунҳо месохтанд, падараш бошад, ки дар синни 13-солагӣ аз ў маҳрум шудааст, дару дарвоза, сутунҳои чўбини кандакоришуда тайёр мекард. Худи Шавкат аз соли 1985 ба кандакории сандуқҳои миллӣ шурӯъ кард ва ин ҳунарро ба ду писараш ва ҷиянаш омўзонид, ки ҳоло бо ин кор машғул буда, ба ў кӯмак мекунанд. Ба вай аз падараш дастгоҳи кўҳнаи харротӣ ба мерос мондааст, ки чанде пеш онро аз Узбекистон оварда буд ва он барояш хеле пурқиммат аст.

Умурзоқов Шавкат мегӯяд: “Дар ҶДММ ТАКХ” “Финка” ман аввалин қарзро ба маблағи 5000 долларро моҳи феврали соли 2011 гирифтам, пас аз як сол, моҳи феврали соли 2012, боз ба ҳамин маблағ – 5000 $ қарз гирифтам. Қарзҳо барои хариди иловагии тахта, асбобҳо, дастгоҳҳо, дастгоҳи рандакорӣ барои кори самарабахш ва босифат истифода мешуданд. Ҳунаре, ки мо бо он машғулем, эҷодкорист ва хеле ҷолиб аст, аммо осону содда нест. Пас аз хариди тахтачўбҳо мо онҳоро муддати аз 20 то 30 рўз хушк мекунем, баъд онҳоро бо ширеш часпонида, ранг мекунем, нақшу нигор кашида, аз рўйи он кандакорӣ мекунем, пас аз пайваст кардани қисмҳои сандуқ, онро ранг карда, мехушконем танҳо пас аз ин сандуқ ба фурўш тайёр аст. Мизоҷон сандуқҳои моро асосан ҳамчун тӯҳфа барои навхонадорон, меҳмонон, хешовандон ё барои хонаи худ мехаранд. Дар рўзҳои наздик ман ният дорам қарзи дигар гирам».

Шавкат марди хуб ва хушбахту оиладўст аст, се фарзанд, ду писар ва як духтар дорад. Ҳоло ӯ барои оилааш хонаи наве сохта истодааст, дар оянда ният дорад, ки барои писари хурдии худ низ хонаи дигаре созад, туйҳои фарзандонашро таҷлил намояд ва барои худаш мошини хубу гаронбаҳое бихарад. Ў умедвор аст, ки фарзандон, наберагон, аберагонаш касби оилавиро идома медиҳанд.