РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Аҳамияти дастгирии молиявӣ ва меҳнатдўстӣ дар рушди ҳунармандӣ.

Туйчиев Насриддин яке аз муштариёни муваффақи филиали Рӯдакӣ мебошад. Ба ФИНКА Тоҷикистон барои гирифтани қарз бо тавсияи шиносон, ки инчунин мизоҷони мо мебошанд, муроҷиат кардааст. Насриддин аз соли 2014 аз хизматрасонии мо баҳра бурдааст. Маблағи қарзи аввалин 3.000$-ро дар бар гирифта буд. Ин маблағ барои вусъат додани соҳибкории ў пешбинӣ шуда буд.