Миралиева Азизмо Хоҷаевна – яке аз муштариёни содиқи ФИНКА мебошад. Азизамо солҳои тўлонӣ бо парвариш ва фурўши чорвои калони шохдор машғул мебошад. Вай дар Ҷамоати Балхоби ноҳияи Мўминобод қитъаи замини худро дорад, ки дар он ба ғайр аз чорводорӣ, инчунин ба кишоварзӣ машғул аст. Дар ин кори начандон осон ба ӯ тамоми оилаи сершумори ў кӯмак мерасонад, ҳамзамон дар корҳои ҳамарўзаи душвори рузгор ўро дастгирй мекунанд.

Бо ТАҚХ ФИНКА Азизамо аллакай муддати 6 сол пай дар пай ҳамкорӣ мекунад. Дар ин давраи ҳамкорӣ бо Ташкилот, ба ў аз 4000 то 18 000 сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст. Дар ин муддати ҳамкорӣ бо ФИНКА, мизоҷ рушд ёфта, фаъолияти худро такмил додааст, аз ҷумла, манзили истиқоматии худро, ки муддати тўлонӣ таъмирталаб гардида буд, таъмир намуда, ба некўаҳволии худ беҳбудӣ бахшидааст. Азизамо ба Ташкилоти ФИНКА ва кормандони он миннатдорӣ баён менамояд. “Ман аз хизматрасонии ин ташкилот комилан қаноатмандам ва онро ҳамеша ба ҳамсоягон, хешовандон ва шиносонам тавсия медиҳам, то ин ки барои беҳбудӣ бахшидани некўаҳволии худ аз хизматрасониҳои молиявии ин ташкилот истифода баранд” – ин суханони Азизамо, ки такрор ба такрор ба кормандони ФИНКА изҳор менамояд.