РУШДИ СОҲИБКОРӢ
Таъсири FINCA ба ҳаёти зани оддӣ.

Яке аз намунаҳои барҷастаи таъсири FINCA ба ҳаёти зани оддӣ, ин қиссаи Зулайхо аз Тоҷикистон мебошад.

Қиссаи муваффақияти Зулайхо дар соли 2007 оғоз ёфт, вақте ӯ бори аввал барои гирифтани қарз ба FINCA муроҷиат кард. Ин қарз ҳаёти занро ба куллӣ тағйир дод.

Вай соҳибкориашро аз як фурӯшгоҳи чакана, ки аз мизи оддии хурдакак дар наздикии хонаи худ оғоз намуд, ки муомилоти умумии он тақрибан 150 $ буд. Қарзҳои минбаъдаи Зулайхо ба рушди ин соҳибкориаш равона карда шуданд, ки мунтазам афзоиш меёфт. Дере нагузашта, Зулайхо мағозаеро ба иҷора гирифта, ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣшурўъ кард. Ғайр аз ин, Зулайхо якҷоя бо шавҳараш ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул аст. Аммо ин охирин дастоварди Зулайхо нест! Пас аз муддате, илова бар ин Зулайхо ошхонаи шахсии худро боз кард!

Ҳоло дар рӯйхати Зулайхо дастовардҳо хеле зиёданд. Қарзҳои FINCA ба ӯ имконият доданд, ки барои шавҳараш як ҷарроҳии мураккаб гузаронида шавад, маросимҳои арӯсӣ барои писару духтараш ва таъмири хонаашро анҷом диҳад. Аммо таъсири аз ҳама муҳимтарини FINCA ба ҳаёти Зулайхо дар он аст, ки вай таҳсили худро идома дода, ҳоло бо фарзандонаш дар донишгоҳ таҳсил мекунад!
Оилаи Зулайхо дорои қитъаи замине мебошад, ки дар он картошка парвариш карда мешавад, мағозаи шахсӣ бо муомилоти зиёда аз 3000 доллар, ошхонаи шахсӣ ва се гов мебошад.

Ана як зани оддӣ аз деҳоти Тоҷикистон, ки саргузашти худро аз як кори хурде оғоз намуда ба натиҷаҳои баланд ноил шудааст! Вай саъй мекунад, ки зиндагии худ ва оилаи худро барпо кунад, фарзандонашро тарбия кунад ва танҳо хушбахт бошад!