АФЗОИШИ МУОМИЛОТИ СОҲИБКОРӢ
Аз қарзи $ 30 то ба хонаи шахсии худ.

Назарова Зебуниссо дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Ҳанӯз аз соли 1997 вай бо савдо машғул шуд. Фаъолияти соҳибкории ў бо 100 сомонӣ (20 доллари ИМА) оғоз шудааст, акнун бошад, соҳибкории вай зиёда аз 30,000 сомониро (6,300 доллари ИМА) дар бар мегирад. Зебуниссо дар ФИНКА Тоҷикистон маротибаи 12-ум қарз мегирад. Таърихи қарзии худро аз соли 2006 дар ФИНКА Тоҷикистон оғоз карда, то ба ҳол мизоҷи фаъол мебошад. Қарзи аввалини Зебуниссо 150 сомони (30 доллари ИМА)-ро дар бар мегирифт, аммо, бо гузашти солҳо, соҳибкории муштарӣ рушд кард ва маблағи қарз низ ба 5,000 сомонӣ (1,000 доллари ИМА) расид.