АФЗОИШИ МУОМИЛОТИ СОҲИБКОРӢ

Ҳамкорӣ бо ФИНКА Тоҷикистон ба ояндаи устувор умед мебахшад.

Баротова Дастагул дар ноҳияи Сарбанд, наздикии шаҳри Қӯрғонтеппа, вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Дар соли 2003 вай аз шавҳараш ҷудо шуд ва бо дарки он, ки бояд кӯдаконашро мустақилона тарбия намояд, ба оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ қарор кард. Дастагул як мағозаи хурдро ба иҷора гирифта, ба фурӯши либоси занона ва молҳои рўзгор шурўъ кард.

Баротова Дастагул мегўяд: «Бо ФИНКА Тоҷикистон ман аз соли 2009 ба ҳамкорӣ шурўъ намудам, он вақт ман қарзи аввалини худро ба маблағи 4,400 сомонӣ (тақрибан $ 1,000) гирифтам, пас аз як сол ман ба маблағи 6,600 сомонӣ қарз гирифтам, баъд аз як соли дигар ман боз ба маблағи6,600 сомонӣ қарз гирифтам. Ҳоло ман ҷуръат кардам, ки бо асъори хориҷӣ — $ 1,500 қарз гирам. Одатан ман бо миқдори нисбатан кам кор мекунам ва барои қарзгирӣ одат кардаам. Ҳамаи ин қарзҳо барои афзоиш додани гардиши моли фаъолияти соҳибкориам равона карда шуданд ва ба шарофати ин соҳибкории ман дар айни замон якчанд маротиба афзоиш ёфтааст». Дастагул соҳибкории худро бомуваффақият рушд додааст, дар ин муддат ӯ 2 ҷойи нави корӣ таъсис дода, ба ин ҷойҳо хешовандонашро ҷалб намуд.
Баротова Дастагул бо худ фахр мекунад, ўро дар ҳақиқат соҳибкори муваффақ ҳисобидан мумкин аст. Ў ба волидони худ, ки дар алоҳидагӣ зиндагӣ мекунанд, кўмак мерасонад, машғули тарбия ва гузоштани саҳм ба таҳсилоти фарзандонаш аст: писар ва духтраш, ки дар донишгоҳ ва мактаб таҳсил мекунанд.

Вақте ки Баротова Дастагул бори аввал қарз гирифт, гардиши моли ў на зиёда аз $1000 буд, ҳоло бошад, гардиши моли ў аз $ 8,000 зиёдтар аст. Ў инчунин автомобили «Хундай Старекс» харидааст, ки онро ба иҷора медиҳад ва ҳоло тамоми кувваи худро ба сохтмони хонаи нав равона мекунад.

Баротова Дастагул нақшаҳои калон барои оянда дорад, ў ният дорад, ки соҳибкории худро дар ҳамкорӣ бо ФИНКА Тоҷикистон густариш диҳад.