РУШДИ СОҲИБКОРӢ
Дар соҳибкорӣ муҳимаш пайдо кардани ҷойи/соҳаи худ ва истеҳсол намудани маҳсулоти баландсифат.

Назиров Аҳмад Мусоевич ба истеҳсоли омехтаҳои сохтмонии хушк, аз қабили омехта барои гаҷкорӣ, андова, ротон ва семент барои истеҳсоли кошин (кошинкорӣ) ва ғайра машғул аст. Назиров Аҳмад бо ФИНКА аз соли 2012 ҳамкорӣ дорад ва ҳоло бори чорум аст, ки ба вай қарз пешниҳод карда шудааст.

Тамоми қарзҳои аз ҷониби ФИНКА ба ў додашуда, барои рушди соҳибкориаш ва вусъат додани он равона гардидаанд. Назиров Аҳмад кори худро аз истеҳсоли омехта барои гаҷкорӣ (шпатлевка) оғоз кардааст. Тадриҷан фаъолияти худро вусъат дода, вай беш аз 20 ҷойҳои корӣ таъсис додааст. Ҳоло вай 3 сехи истеҳсолӣ дорад, ки онҳоро дар яҷоягӣ бо писаронаш идора мекунад (сехи 1-ум дар ҷамоати Мирзо Турсунзода, 2-юм дар Хуҷанд ва 3-юм дар деҳаи Элок). Айни замон ӯ ният дорад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти локу рангсозӣ машғул шавад, ки барои ин тадбир маротибаи 4-ум қарз гирифт.