Пасандоз  – ин  даромадҳои пулии аҳолӣ, ки бо мақсади захира кардани маблағи муайян барои таъмини эҳтиёҷоти худ дар оянда пасандоз карда  мешавад.

ҲАДАФИ ПАСАНДОЗҲОИ АҲОЛӢ

  • Дар сурати ҳолатҳои ғайричашмдошт
  • Анҷом додани хариди калон (инчунин сармояи ибтидоӣ хариди амволи ғайриманқул ва автомобил).
  • Пардохти ҷашнҳои гуногун, истироҳат, табобат.
  • Таваллуди кӯдак, пардохти маблағи таҳсили кӯдакон, тӯйҳо ва дигар хароҷоти марбут ба кӯдакон.
  • Нигоҳ доштани сатҳи арзандаи зиндагӣ ҳангоми баромадан ба нафақа.

ТАРЗИ АМАЛИ ПАСАНДОЗИИ АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН

  • 40% хонавода  аз 1.1 млн аҳолӣ маблағ пасандоз мекунанд.
  • 47% аҳолӣ берун аз  сатҳи камбизоатӣ умр ба сар мебаранд,  аз ин рӯ онҳо пулро пасандоз намекунанд.
  • Аҳолӣ асосан пасандозҳоро дар хона нигоҳ медорад ё ба молу чорво сармоягузорӣ мекунад.
  • Мақсади асосии пасандозҳо ҳолатҳои ғайричашмдошт ва пасандозҳои дарозмуддат мебошад, ба мисли: тантанаҳои оилавӣ, таълими кӯдакон, харидҳои калон.
  • 11% -и онҳо (камтар аз 5% ҳамаи хонаводаҳо) пасандозҳои худро ба ташкилотҳои молиявӣ бовар мекунанд.
  • Танҳо фоизи ками шумораи хонаводаҳо дар Тоҷикистон пасандозҳои худро ба бонкҳои тиҷоратӣ ё ТАҚХ боварӣ мекунанд.
  • Сабабҳои истифодаи маҳдуди хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон инҳоянд:
  • Сатҳи пасти маърифати молиявӣ ва фарҳанги пасандозии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон.
  • Эътимоди пурра барқарорнашудаи аҳолии Тоҷикистон бо сабаби пошхӯрии иттиҳоди Шўравӣ,  ноустувории вазъи иқтисодӣ ва сиёсӣ (беқурбшавӣ, деноминатсия, таваррум..)
  • Ғоратгарӣ дар вақти амалиёти ҷангӣ.
  • Маълумоти нокифоя дар бораи бозори молиявӣ, маҳсулотҳои он ва ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Ташкилотҳои молиявӣ муштариёнро ба таври фаъол ҷалб намекунанд.
  • Набудани хизматрасониҳои молиявӣ дар минтақаҳои душворгузар ва камаҳолӣ.

БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ ВА ПЕШБУРДИ ФАРҲАНГИ ПАСАНДОЗӢ

ТАҶРИБАИ ТОҶИКИСТОН

Лоиҳа оид ба маърифати молиявии аҳолӣ

  • Солҳои 2004 – 2005 дар Полша таҳия ва озмоиш карда шудааст.
  • Маводҳоро оид ба маърифати молиявӣ дар бар мегирад, ки ба тренерон барои гузаронидани семинарҳо зарур аст.
  • Модули таълимӣ ба шароити кишварҳои иқтисодиёти давраи гузариш мутобиқ карда шудааст  ва бо 10 забон дастрас аст (аз ҷумла тоҷикӣ).
  • ТОТ аз рӯи модули таълимии “Ояндаи худро ба нақша гиред” барои 23 тренер аз 11 ташкилот гузаронида шуд.
  • Тренерон машғулият ва машваратҳо гузарониданд — дар 4 моҳ 362 нафар дар тренингҳо ва 165 нафар дар машваратҳо иштирок намуданд.
  • Аз ҷониби ташкилотҳои узви ин лоиҳа то ҳамин вақт бомуваффақият татбиқ карда мешавад.