Маблағгузории хурд ин – имконияти ба даст овардани  қарзи хурд барои одамоне, ки соҳибкории хурде дошта, ба маблағгузории он эҳтиёҷ доранд. Дар чунин ҳолат, одатан, гарав талаб карда намешавад ва қарздиҳанда теъдоди ҳадди аққали ҳуҷҷатҳоро муқаррар менамояд.

Нақши маблағгузории хурд:

  • маблағгузории хурд, ҳамчун роҳи мубориза бо камбизоатӣ, аз ҷумла тавассути дастгирии худмашғулии аҳолӣ.
  • маблағгузории хурд яке аз муҳаррикҳои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ташаккули синфи миёна мебошад.

Марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • Марҳилаи I (солҳои 1994-1999). Давраи пайдоиши низоми маблағгузории хурд.
  • Марҳилаи II (солҳои 1999-2003) — давраи тадриҷан афзоиш ёфтани барномаҳои маблағгузории хурд;  гузариш ба маблағгузорӣ бо пули нақд ва тадриҷан даст кашидан аз маблағгузорӣ дар шакли аслӣ (натуралӣ).
  • Марҳилаи III (соли 2004 нимаи аввали соли 2008) – давраи институтсионализатсияи маблағгузории хурд.
  • Марҳилаи IV (нимаи дуюми соли 2008 — с.2009). Он бо фаъолияти бахши маблағгузории хурд дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ хос мебошад.
  • Марҳилаи V (аз соли 2010 то айни замон). Барқароркунии тадриҷии баъдибӯҳронӣ, ки барои муайян намудани дурнамо бо назардошти ба охир расонидани иҷрои вазифаҳо оид ба стратегияи миллии рушд, стратегияи бонкӣ, барномаҳои миёнамўҳлати рушди соҳаҳо ва минтақаҳо, беҳбудии куллӣ дар фазои сармоягузорӣ имкон медиҳад.