ТАҚХ дар муносибат бо истеъмолкунандагон бояд принсипҳои адолат, поквиҷдонӣ ва касбиятро риоя кунанд ва дар ифшои маълумот талаботҳои ҳадди ақали зеринро риоя намояд:

  • маълумот барои ҳамаи истеъмолкунандагон ва истеъмолкунандагони эҳтимолии хизматрасониҳо бояд бо ҳуқуқҳои баробар ва ҳаҷми баробар пешниҳод карда шавад;
  • маълумот бояд дақиқ, пурра ва саривақт пешниҳод карда шавад;
  • маълумот бояд барои истеъмолкунандаи хизматрасонӣ бо забони содда ва дастрас пешниҳод карда шавад, ки калимаҳо ва ибораҳои мураккабу душворфаҳм, истилоҳоти касбӣ ва техникиро дар бар нагирад;
  • маълумот бояд ба Ташкилоти амонатии қарзии хурд (ТАҚХ) бо забони давлатӣ ва дар сурати мувофиқа ба истеъмолкунанда бо ягон забони дигар пешниҳод карда шавад;
  • маълумот бояд ба истеъмолкунанда бо чунин ҳуруф (шрифт) пешниҳод карда шавад, ки истеъмолкунанда маълумоти барояш лозимиро ба осонӣ пайдо кунад;
  • маълумот дар бораи хизматрасонӣ бояд тавре пешниҳод карда шавад, ки он барои истеъмолкунанда аз ҷиҳати дарки моҳияти хидмат ва арзёбии мувофиқати он ба ниёзҳои онҳо мувофиқ ва пурмазмун бошад;
  • иттилооти пешниҳодшуда набояд дар шакле пешниҳод карда шавад, ки шартҳои муҳимро пинҳон кунад ё аҳамияти онро коҳиш диҳад ва таасуроте эҷод кунад, ки ин чандон муҳим нест. Дар айни замон, таҳрифи маънои иттилоот, ки боиси номуайянӣ ва сарбастагӣ мегардад ё ба тариқи дигар боиси тафсири бисёрмаъногӣ ва духӯрагии мафҳуми хусусиятҳои хизматрасониҳои пешниҳодшаванда оварда мерасонад;
  • аҳамияти иттилоот дар санаи пешниҳоди он мутобиқи ҳолатҳое, ки истеъмолкунандаи хизматрасониҳо эълом кардааст ва ба шартҳои шартномаи хизматрасонӣ таъсир мерасонад.

Пеш аз бастани шартнома барои хизматрасонӣ, ба истеъмолкунанда бояд дар бораи хизматрасонии пешниҳодшаванда маълумоти пурра пешниҳод карда шаванд. ТАҚХ вазифадор аст тамоми чораҳои заруриро барои он андешад, ки иттилоот дар бораи шароити хизматрасонӣ, хавфҳои эҳтимолии марбут ба он, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, оқибатҳо ва масъулияти тарафҳо ба маълумоти истеъмолкунанда расонида шаванд.

Пеш аз бастани шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасонӣ, ТАҚХ бояд:

  • ба истеъмолкунанда моҳият ва шартҳои асосии хизматрсонии мушаххасеро, ки ба он таваҷҷӯҳ дорад, фаҳмонад;
  • истеъмолкунандаро бо ҳаҷми ҳамаи пардохтҳои марбут ба пешниҳоди хизматрасоние, ки он таваҷҷӯх намудааст, шинос кунад;
  • тартиби пешниҳод, раванд ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагонро, ки аз шартнома бармеоянд, шарҳ диҳад;
  • истеъмолкунандаро дар бораи ӯҳдадориҳои пешбининамудаи шартнома, аз ҷумла чораҳои масъулият, ки ТАҚХ метавонад ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадориҳояш (ҷаримаҳо ё ҳама гуна чораҳои дигаре, ки вазъи молиявии истеъмолкунандаро бадтар мекунанд) огоҳ созад;
  • истеъмолкунандаро дар бораи шакл, мунтазамӣ ва мӯҳлати пешниҳоди иттилоот (иқтибосҳо, огоҳиномаҳо) пас аз имзои шартнома огоҳ созад;
  • то бастани шартнома ба истеъмолкунанда барои шиносоӣ бо муқаррароти шартнома имконият ва мӯҳлати зарурӣ фароҳам оварад;
  • агар мутобиқи шартҳои хизматрасонӣ зарурати истифодаи хизматрасонии иловагии тарафи сеюм ба миён омада бошад, ТАҚХ вазифадор аст, ки ба истеъмолкунанда интихоби чунин шахси сеюмро пешниҳод намояд.

Ба истеъмолкунанда дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳо бояд маълумоти кофӣ дода шавад, то ӯ тавонад маҳсулот ё хизматрасониеро интихоб кунад, ки ба ниёзҳо ва имкониятҳои молиявии ӯ бештар мувофиқ бошад.

ТАҚХ, пеш аз пешниҳод ё тавсияи қарз, бояд вазъи молиявӣ, ниёзҳои молиявӣ ва имкониятҳои молиявии истеъмолкунандаро арзёбӣ кунад ва риояи талаботҳои зеринро таъмин намояд:

  • Пеш аз бастани шартномаи қарзӣ, маълумоти мукаммал дар бораи шартҳои қарздиҳӣ, аз ҷумла маълумот дар бораи арзиши пурраи он бояд ошкор карда шавад;
  • ба истеъмолкунанда бояд оқибатҳои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи ӯ ва масъулият тибқи шартномаи қарзӣ фаҳмонда шаванд;
  • ҳангоми интишор ва паҳн кардани иттилоот дар бораи арзиши қарз, бояд ҳам фоизи номиналӣ ва ҳам меъёрҳои фоизии самаранок / даромад ё фоида аз маблағгузорӣ нишон дода шавад.
  • Мизоҷ ҳуқуқ дорад, ки маблағи асосии қарзро дар вақти дилхоҳ қисман ё пурра баргардонад.

Илова бар маълумоти дар бандҳои боло зикршуда, ТАҚХ бояд:

  • ба қарзгир / муштарӣ моҳият ва маънои таърихи қарзро фаҳмонад, аз ҷумла иттилоъ диҳад, ки дар сурати иҷро накардани ӯҳдадориҳои қарз, иттилоот дар ин бора ба Бюрои таърихи қарзӣ пешниҳод карда мешавад;
  • огоҳ намудани қарзгир / муштарӣ, ки дар сурати иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ, қарз метавонад аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда маҷбур ситонгида шавад ва дар сурати нокифоя будани амволи ба гарав гузошташуда аз ҳисоби молу мулки дигари қарзгир / муштарӣ ситонида мешавад;
  • огоҳ намудани қарзгир / муштарӣ дар бораи ҳуқуқи вай оид ба рад кардан аз қарзгирӣ дар давраи пас аз бастани шартнома ва то гирифтани маблағ;
  • агар гаравдеҳ, зомин, кафил ё шахси дигаре, ки тарафи шартномаи қарз мебошад, мавҷуд бошад, шарҳ додани масъулияти онҳо ва дар ҳама шакли хаттӣ розигии онҳоро ба даст овардан;
  • дар мавриди қарзи гурӯҳӣ, ба қарзгирандагон / муштариён фаҳмонидани масъулияти умумии муштараки онҳо барои қарз;
  • ба амонатгузор фаҳмонидани он, ки ТАҚХ вазифадор аст маблағи пасандоз / амонати бонкӣ ё як қисми онро бо дархости якуми пасандозгузор, ба истиснои пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба сифати гарав гузошта шудаанд, пардохт намояд;
  • ба амонатгузор фаҳмонад, ки дар ҳолати муфлисшавии ТАҚХ пасандозҳои амонатӣ / бонкиро Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар ҳаҷм ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ҷуброн мекунад.

Агар ТАҚХ аз расонидани хизматрасонӣ ба истеъмолкунанда даст кашад, ТАҚХ, тибқи дархости истеъмолкунанда, ба ӯ нусхаҳои аслии он ҳуҷҷатҳоро, ки истеъмолкунанда барои пешниҳод намудан ба ташкилоти молиявии қарзӣ аз шахсони сеюм бо мақсади ба даст овардани хизматрасонӣ (маълумотнома аз ҷойи истиқомат ё кор, санади баҳо додани амвол, ҳуҷҷати нотариалӣ тасдиқшуда ва ғайра.) гирифтааст, ба ӯ бармегардонад, Ҳангоми интиқоли маблағҳо, ташкилоти амонатии қарзии хурд вазифадор аст ба истеъмолкунанда маълумоти зеринро пешниҳод кунад:

  • рӯйхати низомҳои пардохт, ки интиқоли маблағро анҷом медиҳанд;
  • рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷом додани интиқоли маблағ заруранд;
  • шартҳои анҷомдиҳии интиқоли маблағ дар доираи шаклҳои дахлдори пардохтҳои ғайринақдӣ;
  • рӯйхати усулҳо ва низомҳои анҷомдиҳандаи интиқоли маблағҳо;
  • дар бораи ҳаҷми ҳадди аққал ва ҳадди ниҳоии интиқоли маблағ, агар ин андоза дар қонунгузории давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар шуда бошад;
  • ҳаҷми маблағи комиссионие, ки истеъмолкунандагони хизматрасониҳо пардохт мекунанд, агар дар шартнома пешбинӣ шуда бошанд;
  • мӯҳлати анҷомдиҳии интиқоли маблағ;
  • дар бораи қурби асъор ва тартиби муайян кардани онҳо;
  • маблағ ва асъори пардохташаванда дар кишвари таъиноти интиқол;
  • дар бораи шартҳои баргардонидан, тағйир додани маълумот ва бекор кардани интиқоли маблағҳо;
  • дар бораи тартиби пешниҳоди даъвоҳои истеъмолкунанда ва тартиби ҳалли баҳсҳо, аз ҷумла маълумот барои тамос бо ташкилоти молиявии қарзӣ;
  • дигар маълумоти иловагӣ, ки ба хусусиятҳои интиқоли маблағ алоқаманданд.

ТАҚХ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба маблағгузории қарзӣ ва пасандози амонатӣ вазифадор аст ба истеъмолкунанда дар бораи шартҳои асосии хизматрасонии пешниҳодшаванда маълумот пешниҳод кунад.

Маълумот дар бораи тартиби қабул ва баррасии шикоятҳои истеъмолкунандагон

Тартиби қабул ва баррасии шикоятҳои истеъмолкунандагон дар ҶДММ ФИНКА дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шудааст. Баррасии ҳама шикоятҳо ва даъвоҳои муштариён дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби шахсони мансабдори ҶДММ ТАҚХ “FINCA” баррасӣ карда мешавад. Мӯҳлати умумии баррасии арзу шикоятҳо набояд аз 30 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад. Дар ин ҳолат, аризадиҳанда дар давоми се рӯзи корӣ огоҳ карда мешавад.

Маълумот дар бораи тартиби пешниҳоди аризаҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла мавзӯи шикоят (беамалии) нисбати кормандони муассисаи молиявӣ бо нишон додани маълумот барои тамос (телефон, нишонӣ, ному насаб) бо шахсони масъули ТАКХ, ки истеъмолкунандагон бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои худ метавонанд бо онҳо тамос гиранд. ҶДММ ТАҚХ ФИНКАаризаҳо (шикоятҳо) -и муштариёнро ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ қабул мекунад.

Шикоятҳои хаттӣ инҳоянд:

  • Шикоятҳо ва муроҷиатҳо дар шакли коғазӣ (дастӣ ё электронӣ), инчунин шахсан ва / ё тавассути почта қабул карда мешаванд;
  • Шикоят ва муроҷиатҳо ба почтаи электронии расмии ТАКХ;
  • Ҷойгир кардани шикоят ё муроҷиатҳо дар дафтари арзу шикоятҳои воҳидҳои сохтории ТАКХ;
  • Шикоятҳо дар вебсайти расмии ФИНКА;
  • Шикоятҳо ва даъвоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, яъне дар саҳифаҳои ФИНКА ё саҳифаҳое, ки ТАҚХ дар он сабти ном шудааст.

Шикоятҳои шифоҳӣ инҳоянд:

  • Шикоятҳои телефонӣ ба Маркази тамоси ТАҚХ ;
  • Дар рӯзҳои қабули роҳбарияти ТАКХ;
  • – аз ҷониби Директори генералӣ – ҳар рӯзи сешанбе аз соати 9:00 то 12:00;
  • – аз ҷониби аъзои Раёсат – ҳар рӯзи сешанбе аз соати 10:00 то 12:00 ва ҳар рӯзи панҷшанбе аз соати 14:00 то 16:00, барои сокинони ноҳияҳои дурдаст ҳар рӯз аз соати 10:00 то 12:00;
  • – аз ҷониби сардорони шӯъбаҳо – ҳар рӯз аз соати 13:00 то 15:00

Ташаккур барои муроҷиат!