ТАЪСИРИ ИҶТИМОӢ

FINCA Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва пайрави лоиҳаи «Саводнокии молиявӣ» мебошад.

Ин лоиҳа ба рисолати ташкилоти мо хеле мувофиқ аст: паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо истифода аз қарорҳои дарозмуддат, ки ба мардуми камдаромад барои таъсис додани дороиҳо, ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудӣ бахшидани сатҳи зиндагии онҳо кӯмак мерасонад.

Ҳамин тариқ, бо кўмаки ин лоиҳа мо метавонем ба баланд шудани саводнокии молиявии аҳолии кишвар таъсир расонем.

ЛОИҲА ОИД БА САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ

Дневник доходов и расходов
2407, 2019

МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД ЧИСТ

July 24th, 2019|

Маблағгузории хурд ин – имконияти ба даст овардани  қарзи хурд барои одамоне, ки соҳибкории хурде дошта, ба маблағгузории он эҳтиёҷ доранд. Дар чунин ҳолат, одатан, гарав талаб карда намешавад ва қарздиҳанда теъдоди ҳадди аққали ҳуҷҷатҳоро

2407, 2019

ПАСАНДОЗ ЧИСТ

July 24th, 2019|

Пасандоз  - ин  даромадҳои пулии аҳолӣ, ки бо мақсади захира кардани маблағи муайян барои таъмини эҳтиёҷоти худ дар оянда пасандоз карда  мешавад. ҲАДАФИ ПАСАНДОЗҲОИ АҲОЛӢ Дар сурати ҳолатҳои ғайричашмдошт Анҷом додани хариди калон (инчунин сармояи

1111, 2018

ТРЕНИНГ ОИД БА «САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ» БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

November 11th, 2018|

9 ноябри соли  2018 тренинг оид ба баланд бардоштани саводнокии молиявӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни соли 2-юми факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар доираи тренинг масъалаҳои  муайян кардани ҳадафҳои молиявӣ

2210, 2016

ТРЕНИНГ ОИД БА САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ КОРМАНДОНИ ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ

October 22nd, 2016|

FINCA Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Саводнокии молиявии», бо дастгирии Гурӯҳи бонки Ҷаҳонӣ: IFC дар мавзӯи мубрами рӯз "Рушди пасандозҳои шахсӣ" тренинг гузаронд. Ҷамъомад барои кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ташкил карда шуд. Аз иштироккунандагон аввалин фикру

ТАМОМИ ХАБАРҲО

Аз аввали соли 2015, ҳамаи кормандони қарзӣ ба ҳайси мушовири молиявӣ иваз карда шуданд, ки ин боз як далели вусъат ёфтани гузариши FINCA Тоҷикистон аз фурӯши оддии маҳсулот ва хизматрасонии молиявӣ ба ғамхорӣ дар бораи вазъи молиявӣ ва саводнокии муштариёни мо. Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии мизоҷон ва аҳолӣ имконият медиҳад, ки маҳсулот ё хизматрасонии дуруст интихоб карда шавад, инчунин барои идоракунии самараноки буҷаи оилавӣ ва ҷамъшавии  пасандоз бештар мусоидат мекунад.

Моҳи июни соли 2015 лоиҳаи «Саводнокии Молиявӣ» дар ФИНКА Тоҷикистон расман  оғоз карда шуд.  Дар марҳилаи аввал, ташкилот кормандонашро дар маҳаллҳо бо омўзонидани саводнокии молиявӣ фаро гирифт, баъдан ба пешбурди лоиҳа шурўъ кард. Сипас, тамоми кормандони зерсохторҳои ташкилот вобаста ба саводнокии молиявӣ омӯзонида шуданд ва ба мизоҷони FINCA ҳангоми боздид ба идора ба маслиҳатдихӣ шурўъ намуданд.

Якчанд омӯзишҳои аввалин бо аҳолии минтақаҳо моҳи сентябри соли 2015 гузаронида шуданд ва кормандони дар маҳалҳо ба маслиҳатдиҳии мизоҷон шурӯъ карданд. Барои зиёда аз 540 нафар дар маҳалҳо, аз ҷумла 368 занон, машваратҳо гузаронида шуданд. Дар тамоми воҳидҳои сохтории FINCA Тоҷикистон тренингҳо барои аҳолӣ гузаронида мешаванд.