ПАСАНДОЗИ «КӮДАКОНА»

ҳамакнун ба фикри ояндаи фарзандони худ бошед

ШАРТҲОИ ПАСАНДОЗ

  • Асъори амонатӣ – Сомонӣ (TJS) / Доллар (USD) Рубли русӣ (RUB)

  • Ҳаҷми ҳадди аксар – бе маҳдудият

  • Мӯҳлати ҳадди аққал – 1 сол

  • Мӯҳлати ҳадди аксар – 18 сол

  • Пардохти фоизҳо – ҳармоҳа сармоявӣ (капитализатсия) мешавад

  • Ҳисоби фоизҳо – муҳосиботи ҳаррӯза

  • Пардохти ҳадди аққали аввалия – TJS 100 / USD 20 / RUB 1000

  • Қисман бардоштани маблағ аз суратҳисоб – Иҷозат дода намешавад

  • Миқдори ҳадди аққали пур кардани маблағ – аз 10 TJS

  • Пур кардани суратҳисоб – Иҷозат дода мешавад.

МЕЪЁРИ ФОИЗҲО АЗ РӮИ ПАСАНДОЗИ «КӮДАКОНА»

Меъёри фоизҳо
Асъор/маблағ TJS USD RUB
Меъёри фоизӣ барои амонатгузорон 16% 5% 10%
Меъёри фоизӣ барои мизоҷони қарзӣ 17% 5.5% 11%

ҲАНГОМИ БАРДОШТИ ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ

Мӯҳлати амонат Мӯҳлати амонат
то 1 сол 0% – фоизҳо пардохт карда намешаванд
барои ҳар як соли пурра 100% – аз фоизҳои ҳисобшуда барои давра
аз соли дуюм барои як соли нопурра 50% – аз фоизҳои ҳисобшуда барои давра

РӮЙХАТИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ КУШОДАНИ ПАСАНДОЗИ «КӮДАКОНА»

  • Нусхаи шиносномаи дарунии падару модар, сарпараст, васӣ, хешованди наздик. Ҳангоми пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ аз ғайрирезидентҳо, нусхаи раводид ё ҳуҷҷати ивазкунанда талаб карда мешавад.

  • РМА (агар бошад).

  • Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиносномаи шахси ноболиғ.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ, шумо метавонед ба хати доимоамалкунанда: 44 6002323 занг занед ё ба намояндагии ТАҚХ ФИНКА муроҷиат намоед.